РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Ёдномаи академик Хуршеда Отахонова» чоп шуд

Таҳти унвони “Ёдномаи академик Хуршеда Отахонова” дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ китоби нав ба нашр расид.

Китоби мазкурро шогирдони академик Хуршеда Отахонова Анзурати Маликзод ва Холиса Раҳимова ба ифтихори 90-солагии академик Хуршеда Отахонова мураттаб намудаанд.

Дар асар роҷеъ ба хизматҳои илмию адабии олим, доктори илмҳои филология, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хуршеда Отахонова маълумот дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин китоби тадқиқотии Хуршеда Отахонова «Абулқосим Фирдавсӣ» (соли 1960) унвон дорад. Баъдан силсилаи китобҳои илмии Х. Отахонова бо номи «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» (соли 1962), «Падидаҳои навҷӯӣ» (соли 1972), «Аз рӯйи меҳр меҳр» (соли 1972), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (соли 1983), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик», «Чеҳраҳои шинохта» (соли 2004), «Ду адиби номвар» (соли 2002), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (соли 2010), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (соли 1978), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 1987), Абулқосим Лоҳутӣ «Номаҳо» (соли 2004), Пайрав Сулаймонӣ «Куллиёт» (соли 2006), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 2010), Деҳотӣ А. «Куллиёт» (соли 1965 ҷ. 1), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. «Девон» (соли 1968), «Ҳусни инсон» (1975, 1984, 2016) ва ғайраҳо ба чоп расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram