РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

Тавре қаблан хабар дода будем, 23 декабри  соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи   якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум  баргузор мегардад.

Дар ин бора Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 23 декабри соли 2022, соати 08:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2022 аз соати 08:00 то 17:00 ва 23 декабри соли 2022 аз соати 07:00 то 08:00 дар ошёнаи якуми бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷраи №1 ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 221-89-35.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram