РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоруғ: дар ҳамовозӣ ба ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ доир шуд

Дар робита ба қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши идона ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Дар роҳпаймоии оммавӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла собиқадорон, занону ҷавонон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Коллеҷи тиббӣ, кормандони идораву муассисаҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода қабул гардидани панҷумин ташаббуси Тоҷикистонро дар масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби СММ аз иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар самти ҳалли масоили экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пешгом аст, ки ин барои ҳар фарди ватандӯсти кишвар мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад.


Тазаккур дода шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад оқибатҳои манфӣ ба бор орад.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» – ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда, аз тарафи 153 кишвари узви ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пуштибонӣ гардид, якдилона қабул намуд.


Ба назари коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025–Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ мебахшад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram