РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бори аввал адабиёти тоҷик дар фестивали бонуфузи Австралия муаррифӣ шуд

Шоир ва муҳаққиқи фарҳанги классикии тоҷик Нуралӣ Нурзод дар номинаи «Асари академӣ» дар Фестивали XI байналмилалии адабӣ ва озмуни «Open Eurasian Book Forum & Literature Festival» сазовори ҷои 3-юм гардид. Дар ин бора бо такя ба созмондиҳандагони фестивал АМИТ «Ховар» хабар дод.

Фестивали байналмилалии адабии «Авруосиёи кушода» аз 10 то 16 декабр дар шаҳри Мелбурн (Австралия) аз ҷониби Иттиҳодияи эҷодии Авруосиё (Лондон) баргузор шуд. Нависандагон, шоирон ва дигар одамони эҷодкор барои корҳои эҷодияшон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Миёни онҳо Нуралӣ Нурзод низ буд, ки барандаи озмуни ҷоизаи ба номи Салтанат Раҳимбеков дар номинаи «Кори академикӣ» барои маҷмӯаи мақолаҳои илмии «Аз Сада то Наврӯз» бо забони тоҷикӣ гардид.

Ба озмун дар маҷмӯъ 500 дархост аз 50 кишвари ҷаҳон пешниҳод гардид, ки 3-тои он аз Тоҷикистон буд.

Дар доираи фестивали адабӣ ба ҷуз аз маросими ҷоизасупорӣ ва тақдими ҷоизаҳо китобҳои нависанда ва адабиётшиноси тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ «Ҳамсояҳо» ва «Саргузаштҳои бибии Гулсифат» муаррифӣ шуданд.

Фестивали байналмилалии «Open Eurasian Book Forum & Literature Festival» ягона фестивалест, ки дар тамоми фазои Авруосиё адабиёт ва эҷодкориро тарғиб ва таблиғ мекунад. Қабули дархостҳо ба озмуни XII адабии «Авруосиёи кушода» аз 1 феврали соли 2023 оғоз меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram