РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар Душанбе» гузаронида мешавад

Дар шаҳри Душанбе байни ширкатҳои сайёҳӣ Озмуни «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар Душанбе» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:

— дархост барои иштирок дар озмун;

нусхаи Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;

— пешниҳоди маълумот доир ба хатсайрҳои сайёҳии ширкат ва дигар хизматрасониҳо (дар шакли диск, буклет ва ғ);

— пешниҳоди маълумот доир ба шумораи сайёҳони воридотию содиротӣ ва дохилӣ;

— маълумот дар бораи мавҷудияти сомонаи алоҳида дар шабакаи интернет, почтаи электронӣ, саҳифаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои сайёҳӣ.

Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои зикргардида, иштирокчиёни озмун метавонанд маълумотҳои иловагиро доир ба комёбиву дастовардҳои худ пешниҳод созанд (диплому ҷоизаҳо, сипоснома аз иштирок дар намоишгоҳу чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва ғайраҳо).

Ҷойи якум — 15000

Ҷойи дуюм — 10000

Ҷойи сеюм — 5000

Телефон: 223-18-29, 988-98-47-48

Суроға: х. Рӯдаки 40.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram