РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаҳло Сайдалиева бо 10 000 сомонӣ ҳавасманд гардид

Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева бо «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва мукофоти пулӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

«Ифтихорнома» ва мукофоти пулиро Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ, ки 29 декабри соли равон доир гардид, ба Шаҳло Сайдалиева тақдим намуд.

Раиси ноҳияи Данғара ҳамчунин ба ғолиби ҷойи сеюми даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Искандар Маҳмадшозода дар вазъияти тантанавӣ «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва мукофоти пулиро тақдим кард.


Дар ин чорабинии тантанавӣ ҳамчунин дигар нафароне, ки дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм фурўғи маърифат» ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд, қадрдонӣ шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки 17 декабри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиби «Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram