РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДХ: таҳти унвони «Бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон» конференсия доир шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи вилоятии «Бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон» ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии шомилшвии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ бахшида шуд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд.

Зикр гардид, ки 23 декабри соли 2022 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар дар вазъияте ироа гардид, ки фазои имрӯзаи ҷаҳони муосир хеле мураккаб ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Имрӯзҳо ташкилоти экстремистиву террористӣ бо тарзу усули муосири фаъолият ба амнияти кишварҳои ҷаҳон таҳдид доранд ва ҳатто тавонистанд дар аксар маврид ба иҷрои нақшаҳои разилонаи худ муваффақ бошанд.

Зикр шуд, ки Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ба неруи созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва иҷрои бисёр вазифаҳои муҳимро ба онҳо бовар мекунанд.

Дар фарҷоми конференсия мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ва ҷавонони фаъол бо сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода қадршиносӣ шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram