РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Давоми 2022 дар Тоҷикистон 104 ҳазору 246 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд

Давоми 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 ҳазору 246 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Бо мақсади гузаронидани маросими хатнаи кӯдакон айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 584 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и қонуни мазкур чунин омадааст: «Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад».

Бояд гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram