РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамоиш доир шуд

Бахшида ба рӯзи таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хатлон ҳамоиш доир гардид, Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси вилоят Акрам Сулаймонзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Карим Иброҳимзода, кормандони ин ниҳод ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Карим Иброҳимзода иброз намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ кардааст, ки ин имрӯз низ бо иқдомоти наве ҷараён дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштаанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Дар ҳамоиш як қатор кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо «Сипоснома», медал ва рутбаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram