РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Ӯзбекистон бо номи “Абдулқосим Фирдавсӣ” китоб чоп шуд

Дар Ӯзбекистон пажӯҳиши боарзиши шодравон Натан Муродович Маллаев дар шакли китоб бо номи “Абдулқосим Фирдавсӣ” бо забони ӯзбекӣ аз чоп баромад. Ташаббускори он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Дар ин бора аз сафорати мазкур хабар доданд.

Рисолаи мазкур аз муқаддима шаш боб ва хулоса иборат буда, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абдулқосим Фирдавсии Тусӣ, инчунин саҳми ин нобиғаи Шарқ дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ нақл мекунад.

Дар китоб, ҳамчунин, мақолаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сифати пешгуфтор бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, пажӯҳиши мазкур барои донишҷӯён, омӯзгорони забон ва адабиёт, ихлосмандони каломи бадеъ ва мухлисони Абулқосими Фирдавсӣ тавсия дода мешавад. Китоб дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек низ нақши муҳим мебозад”

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram