РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара таҷриба меомўзанд

Аз 3 то 15 январ донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар филиали кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии донишгоҳ, ки дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара амал мекунад, таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимӣ мегузаранд. Дар ин бора аз Донишгоҳи аграрӣ хабар доданд

7 январ Ректори Донишгоҳи аграрӣ Усмон Маҳмадёрзода бо раванди таҷрибаомӯзӣ ва шароити корию истироҳатии донишҷӯён шинос шуд.

Донишҷӯён ҳамасола таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимиашонро дар ин филиал мегузаранд. Дар хоҷагӣ тамоми шароити корию истироҳатӣ барои таҷрибаомӯзон фароҳам оварда шудааст. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷўён дониши назариявии омӯхтаашонро дар амал тадбиқ намуда, бад-ин васила малакаи касбиашонро баланд мебардоранд. Ин ҳама барои мутахассиси соҳа шудан заминаи мустаҳкам гузошта, ба рушди истеҳсолот мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram