РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

КОРРУПСИЯ — ОМИЛИ МОНЕАИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Коррупсия аз замонҳои қадим то ба имрӯз яке аз зуҳуротҳои манфӣ ва аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор рафта, рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиëт ва некӯаҳволии иҷтимоиро боз медорад, боварии шаҳрвандонро нисбат ба давлат коста мегардонад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некӯаҳволие, ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум месозад.

Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи СММ зидди коррупсия» қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси байналмилалӣ зиёда аз 100 давлати дунё ин Конвенсияи байналмилалиро ба имзо расониданд. Ҷумхурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар катори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур ҳамроҳ шуд.

Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмин шаффофият ва такмили фаьолияти назоратӣ 10 январи 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсус гардонида-

шуда таъсис дода шуд.

Баъд аз таъсисёбии сохтори алоҳида аз тарафи Ҳукумати мамлакат то ин давра барномаҳои зиддикоррупсионии давлатӣ Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 амалӣ гардиданд, ки дар тӯли ин солҳо ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала нуқтаҳои муҳимро ишора мекунанд. Аз ҷумла, дар Паёми Пешвои миллат аз 26- и январи соли 2021 дар робита ба ин зуҳуроти номатлуб чунин нуқта баён гашт; » Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгири кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазоҳҳои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субектҳои мубориза бар зидди коррупсия чораҷӯи карда шавад».

Воқеан аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат бояд ба чунин хулоса метавон расид, ки падидаҳои номатлуб ба монанди ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ амалҳои зишти инсонӣ буда, шарафи халқу миллатро паст мекунанд. Ва барои самтҳои фаъолияти соҳаҳои кишвар таъсир расонида, барои пешрафти суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бо фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» қабул ва тасдиқ гардид.

Аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия тибқи нақша — чорабиниҳо дар ташкилоту идораҳои давлатӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар семинарҳо ва корҳои фахмондадиҳӣ баргузор карда мешавад.

Мо аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем ва софдилона ба халқу ватан хизмат намоем. Танҳо дар ин сурат ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, метавон ноил гашт.

Дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Яқубов Ҷ.

Муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети журналистика М.Аминзода.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram