РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хостанд, кори мақомоти пойтахтро санҷад

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2022 дархост ирсол намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Рустами Эмомалӣ аз гузарондани санҷиш таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомот мебошад.

Аз ҷумла аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост шудааст, ки шаффофияту самаранокии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо санҷанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram