РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафир паёми шодбошии Президенти Тоҷикистонро ба мардуми Олмон расонид

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли нави милодӣ ба мардуми кишвари иқомат расонид . Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶФО хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 12 январи соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар Қасри Белвю дар пазироии солинавии Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуд.

«Сафир паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли нави милодӣ ба Франк-Валтер Штайнмайер ва мардуми Олмон расонид», — омадааст дар хабари Сафорат.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Франк-Валтер Штайнмайер роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Берлинро бо Соли нав табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияташон комёбиҳо таманно кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram