РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Брюссел зери унвони “Пайваст аз тариқи Роҳи Абрешим” барномаи фарҳангӣ баргузор шуд

17 январи соли 2023 дар бинои Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ дар Брюссел ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҷамъомади тантанавӣ зери унвони “Пайваст аз тариқи Роҳи Абрешим” бо барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ Стефано Саннино ва Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакала ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, зимни суханронӣ бобати ҳолат ва дурнамои рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд андешаронӣ карданд.

Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо навору сурудҳои миллӣ, намоишгоҳи маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳо ба маъраз гузошта шуданд. Инчунин, ба ифтихори 30-мин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дафтари Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ намоиши мусавввараҳои рассомони минтақа ва аксҳо то 2 феврали 2023 баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram