РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

18 январи соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Кғлоб хабар доданд.

Дар конфронси мазкур ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Қиёмиддин Миралиён шунида шуд. Ҳамзамон дар конфроси имрӯза муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда, ҷиҳати дар оянда ба пешравиҳо ноил гаштани ҳизб дар вилоят пешниҳодҳо намуд.

Сипас, дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон ба сухан баромада, қайд намуд, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарох ва фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буда, Пешвои муаззами миллат дастовардҳои Ҷуҳурии Тоҷикистонро дар муддати 5 соли охир ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд ва дар муқоиса бо 5 соли қаблӣ мушаххасан комёбиву пешравиҳо, ободкориву созандагиҳо, воқеоту мушкилиҳоро баён намуданд. Баъдан, самтҳо ва роҳҳои рушди минбаъдаи кишварро аввалан барои соли 2023 ва пасон, барои солҳои минбаъда муайян намуданд, ки онро Барномаи рушди кишвар ҳисобидан мумкин аст.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат зикр намуданд, ки новобаста ба равандҳо ва мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон рушд карда, сатҳи некӯаҳволии мардум баланд гардид. Бо пазируфта шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, яъне эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ обрӯ ва нуфузи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, чун мамлакати амн ва ташаббускор шинохта шудааст.

Мутмаинам, ки зери роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон бардавому поянда мегардад.

Тавре медонем, конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ, ки тибқи талаботи Оиннома дар дувуним сол як маротиба баргузор мегардад, аз чорабиниҳои муҳимми ташкилии ҳизбӣ маҳсуб ёфта, самараи фаъолияти ҳам ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҳам аъзои ҳизбро возеҳ инъикос мекунад.

Дар охир як қатор фаъолон, аз ҷумла фаъолони ҳизб дар пешравии рушди хоҷагии халқи вилоят саҳм гузоштаанд бо Ифтихорномаву мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram