РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Истаравшан чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвоноти ваҳшӣ гузаронида шуд

Дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» баргузор гардида истодааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникиро гузарониданд.

Дар рафти корҳои биотехникӣ 70 кг гандум, 60 кг ҷав, 40 кг лаблабӯи сурх, 30 кг картошка, 20 кг намак ва 12 бастаи коҳи гандум дар доманакӯҳҳои ин минтақа пошида шуд.

Барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram