РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Қазоқистон 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии худро таҷлил менамоянд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ 24 январ дар Тошканд нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатиро тасдиқ карданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуда, доир ба ҳамкории мутақобилаи ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба васеъ намудани муҳтавои тамосҳои сатҳи олии дарпешистода равона гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, давоми соли 2023 якчанд ҳамоишҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду давлатро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram