РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ҚАЛЪАИ КӮЛОБ БОЗСОЗӢ МЕШАВАД

Қалъаи Кӯлоб дар шафати Муҷтамааи 2700 – солагии шаҳр ва назди Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ҷойгир буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозсозӣ мешавад.

Нурулло Назарзода, директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб изҳор дошт, ки маблағгузории қалъаи Кӯлоб Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, сохтмони он соли 2019 оғоз гардида, беҳтарин мутахассисон ва сохтмончиёни ҳирфавӣ ҷалб гардиданд.

— Кӯлоб шаҳри қадима буда, он дорои таърихи беш аз 2700 – сола дорад. Бо мақсади ошноӣ пайдо намудани насли ҷавон аз таъриху фарҳанги миллати худ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифӣ намудани урфу одат ва таъриху фарҳангӣ миллати тоҷик Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки қалъаи Кӯлобро барқарор намуда, онро бо тарҳи рукнҳои қадима бозсозӣ намояд. Феълан дар қалъаи Кӯлоб беш аз 75 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар назар аст, ки то ҷашни миллӣ 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Баъди пурра ба истифода додани Қалъаи Кӯлоб он дар рушди соҳаи сайёҳӣ шаҳри бостонии Кӯлоб нақши созгор хоҳад гузошт, — гуфт Нурулло Назарзода.

ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки лоиҳакашони Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ барои омӯхтани санъати қадима ва барқарор кардани ёдгориҳои таърихӣ аз ҷумла, кандакорӣ, нақшу нигораҳои деворӣ ва чидани хишт бо тарҳи рукнҳои қадимӣ ба кишвари ҳамсоя Узбекистон шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тирмиз равон гардида, таҷриба омӯхтанд.

Роҳбари шуъбаи лоиҳаҳои Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ Солеҳҷон Ятимов, гуфт, ки алҳол дар сохтмони қалъаи Кӯлоб 3 ширкати сохтмонӣ ҶДММ «Сайёр», ҶДММ «Ниагара — а» ва ҶДММ «Ҷобир сохтмон» фаъолият дошта, кӯшиш намуда истодаанд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонанд.

Тибқи иттилои мавсуф, кунун дар сохтмони қалъаи қадимаи Кӯлоб беҳтарин рассомону сохтмончиён аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшани вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат ҷалб гардида, боқимондаи онро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Музди маоши кормандон аз 3000 то 7000 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки Қалъаи Кӯлоб дорои беш аз 100 гумбаз буда, дар он нақшу нигораҳои қадимӣ риоя карда шудаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram