РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Озарбойҷон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро баррасӣ намуданд

24 январ дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон ва ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram