Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти солонаи муассиса натиҷагирӣ карда шуд. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки Дар соли 2022 беш аз 15 ҳазор нафар экспозитсияи Осорхонаи миллиро ройгон тамошо карданд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ, ин фаъолияти бомаром ба мақсади ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангии аҳли ҷомеа ва тарбия намудани насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои фарҳангии кишвар пешгом буда, роҳбарияту кормандони он дар ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори ниёкон, татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои намоишӣ-экспозитсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, оммавӣ-маърифатӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тақвият бахшида шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ҳисоботӣ як қатор кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла 2 нафар барои сарбаландона дифоъ намудани рисолаҳои номзадии хеш бо дастагул ва дигар кормандон барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.