Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким бо номи “Пажӯҳиш ва нақди шеър” чоп шуд. Дар ин бора муаллиф дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод..
Китоб рисолаву мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо аз осори шеърии устод Садриддин Айнӣ сар карда, ашъори шоирони дигар, ки то охири қарни ХХ эҷод шудаанд, сухан меравад. Муаллиф навиштааст, ки «азбаски теъдоди нашр кам аст, бинобар ин, банда тасмим гирифтам, ки шояд баъзе мақолаҳоро қисм-қисм ба сафҳаи Фейсбук гузоштан беманфиат набошад».