РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ Хусейн Ал Мусаллам мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ Хусейн Ал Мусаллам мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ Хусейн Ал Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан варзиши обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии шиноварӣ ибрози назар намуда, зикр карданд, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ ба таври муфассал баррасӣ гардид.

Қайд гардид, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.

Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз меҳмонон изҳори ташаккур намуда, ҷиҳати ҳамкорӣ барои рушд ва инкишофи навъҳои варзиши обӣ дар мамлакат аз меҳмонон изҳори сипос намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram