РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб: ба муносибати ҷашни Сада чорабинии идона баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни миллии бостонии Сада чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ҷамоату деҳоти шаҳр, ҳунарҳои мардумии занону бонувони Кӯлобшаҳри бостонӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ ва самараи дастранҷи деҳқон ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.

Намоишномаи дастовардҳои кишоварзон бозгӯи он буд, ки деҳқонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар соли 2022 ҳосили фаровонбардошта дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.

Тибқи иттилоъ дар соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 810,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 32,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод.

Меҳмонон ва роҳбарияти шаҳр барои дар сатҳи баланд омода намудани ин намоишгоҳ ба аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб баҳои баланд доданд.

Баъдан, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни суханронии хеш ба муносибати ҷашни Сада сокинони шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва рӯзгори хушу пурбаракатро таманно намуд.

Қайд гардид, ки Сада ҷашни ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар суннату оинҳои бостонии миллати тоҷик бар пояи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шудааст.

Дар идомаи маросими идона бахшида ба ҷашни бостонии Сада аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб, ба кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоату деҳот, масъулин ва кормадони ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир барномаи омода намудаи аҳли фарҳангу санъати шаҳр ки ифодагари иди Сада буд, пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram