РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мошинҳои боркаши Тоҷикистон пас аз се соли хуруҷи пандемия вориди Чин шуданд

Мошинҳои боркаши Тоҷикистон пас аз се соли хуруҷи пандемия вориди Чин шуданд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши ватанӣ вориди ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд», — омадааст дар иттилоияи вазорат.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2020 инҷониб мошинҳои боркаши Тоҷикистон бинобар хуруҷи пандемияи коронавирус иҷозати ворид шудан ба ҳудуди давлати ҳамсояро надоштанд ва бор бо нақлиёти боркаши Чин то сарҳад оварда шуда, аз он ҷо ба мошинҳои боркаши ватанӣ ба Тоҷикистон интиқол мегардид, ки барои ин вақту маблағи  бештар сарф мешуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram