РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷаласаи аъзои Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд

31-уми январи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҷаласаи аъзои Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), ки ба тариқи ҳузурӣ дар шаҳри Парижи Фаронса, ҳамчунин ба тариқи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷудо шудани ташкилоти Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) аз Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ бо дарназардошти ҳифз намудани хизматрасониҳои Бонки ҷаҳонӣ ва оқибатҳои мусбат ва манфии он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2022 ба ҳайси аъзои алтернативии Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои шарқӣ, Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ интихоб гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram