РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид

1 феврал дар Литсейи интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар идомаи ҳамоиш, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасози кишвар — ҷавонон рӯз аз рӯз афзун гардида, истодааст, ки намунаи олитарини ин таваҷҷӯҳ ин таъсиси як қатор имтиёзҳо аз ҷумла таъсиси стипендияи Президентӣ ба хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки имсол теъдоди стипендия аз 400 адад ба 3000 адад расонида шуда, маблағи он низ боло бурда шуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт шароити зарурӣ ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст, ки намунаи он, баргузор гардидани чанд озмуни сатҳи шаҳрии заҳнӣ ва таъсиси стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯён ва Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои мухаккикони чавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ” мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш аз номи гирандагони стипендияи Президентӣ ба Пешвои муаззами миллат барои қадрдонии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Дар охир аз ҷониби масъулин ба таври тантанавӣ ба гирандагони стипендияи Президентӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия супорида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram