РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Кӯлоб нахустнамоиши «Рудоба ва Зол» баргузор гардид

1 феврали соли 2023 дар дар театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи «Рудоба ва Зол» -и Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ -мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд. Дар ин бора аз Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки нахустнамоиши «ЗОЛ ВА РУДОБА» санаи 21 декабри соли 2022 дар шаҳри Бохтар баргузор гардида буд, ки он аз ҷониби тамошобинон нақшофарии ҳунармандони театр баҳои баланд гирифта буд.

Намоишномаи “Зол ва Рудоба” аз рӯйи яке аз достонҳои ҳамноми асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” таҳия шуда, онро коргардон Қурбонзода Баҳром ба саҳна гузоштааст.

Дар нақшҳои Зол- Фирдавси Турдиалӣ, Рудоба — Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр — Саидзода Отахон, шоҳ Сом — Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт — Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон — Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳунармандони ҷавони театр бо як маҳорати хосса дар саҳна баромад намуданд.

Дар анҷоми намоишномаи театрӣ ҳунармандони шаҳри Бохтар миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои бевосита ба ҳунармандони театр ва ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид изҳори сипос намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram