РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Муассисаи таълимии давлатии Русияву Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П.Чехов» шинос шуд

      Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Муассисаи таълимии давлатии Русияву Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П.Чехов» шинос шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.

      Иттилоъ дода шуд, ки бо кўшишҳои пайгиронаи роҳбарияти олии ду давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар давоми се даҳсолаи охир ин ду кишвари дўст дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

      Аз ҷумла, дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таълимии русӣ ба истифода дода шуд.

      Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо ҷараёни таълиму тарбия дар Муассисаи таълимии давлатии Руссияю Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд» гуфт, ки ин ҳама дастгириҳо ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли навраси ояндасоз мебошад. Аз ин лиҳоз дар ин муассисаи таълимӣ дар баробари омӯзиши амиқи забони русӣ, ҳамзамон дӯст доштани Ватану сарзамин, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ дар маҳаки асосии таълиму тарбияи хонандагон қарор гирад.

      Please follow and like us:
      Pin Share

      Добавить комментарий

      Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

      YouTube
      Telegram