РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хистеварз мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд

2 феврал дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот ва гуфтушуниди намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳайати намояндагони вилояти Суғдро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот ва гуфтушунид фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ҷонибҳо генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ, намояндагони ҷамоатчигии нуқтаҳои аҳолинишин, ҷамъ наздик 40 нафар иштирок карданд.

Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо доир ба зарурияти пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа омаданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки тамоми муаммо ва баҳсҳои наздисарҳадро танҳо бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ бартараф кардан муҳим ва зарур аст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак, ки давоми соли 2023 дар самти мустаҳкам намудани тадбирҳои эътимоди ҳамдигарӣ ва банизомдарории масоили сарҳадӣ амалӣ гардонида мешавад, тартиб дода шуд.

Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд супориш дода шуд, ки дар асоси ин нақша — чорабиниҳои муштарак нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб диҳанд ва тадбирҳоро шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ амалӣ намоянд.

Иштирокдорони гуфтушунид ҷонибдории хешро бобати бо роҳи гуфтушунид ва мусолиҳа ҳал намудани масъалаҳои муайян намудани хатти сарҳадии байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram