РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Раиси вилоят ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Оқил Оқиловро аёдат намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуда, мавсуфро ба муносибати зодрӯзаш табрик кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти мазкур хабар доданд.

Таъкид карда шуд, ки Оқил Оқилов дар тӯли умри бобаракат ва фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон нақши назаррас гузоштааст.

Зиндагинома, кору пайкор, дониш, малака ва маҳорати Оқил Оқилов барин фарзандони садоқатманди Ватан, ки аз мактаби бузурги ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, барои ҳамагон ва махсусан насли ҷавони ояндасоз мактаби омӯзиш аст.

Боиси зикр аст, ки Оқил Ғайбуллоевич Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шӯъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт.

Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Хизматҳои Оқил Оқилов бо як қатор мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, айни замон дар нафақа аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram