2 феврал дар Федератсияи Русия ҷаласаи дуюми раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки ба салоҳияти онҳо масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният дохил мешаванд, баргузор шуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии ин Созмон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок ва маъруза намуданд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки дар айни замон вазъи низомию сиёсӣ дар ҷаҳон мураккаб боқӣ монда, амнияти байналмилалӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст.
Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур масъалаҳо «Дар бораи ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои Созмони мазкур дар созмонҳои байналмилалии парлумонӣ», «Дар бораи ҳамкории Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва дурнамои густариши шумори нозирон ва шарикони Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ», «Изҳороти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки қабули онҳо дар соли 2023 имконпазир аст», «Оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи иштироки Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар назорати байналмилалии интихобот ва раъйпурсӣ (29 ноябри 2021)» ва «Дар бораи пешниҳодҳои эҳтимолии парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба талаботи умумии мониторинги парлумонии вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии созмон (16 апрели соли 2015)» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.