РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: соли 2022 нишондиҳандаи рушди иқтисодиёт ба 31,9 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,1 фоиз расонида шуд

3 феврали соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси вилоят ба кормандони воситаҳои ахбори омма доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2022 маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2022 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Соли 2022 дар маҷмӯъ​ соли бобарор буда, бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, иҷрои ҳадафҳои стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар гардиданд.

Дар натиҷа, соли 2022 нишондиҳандаи рушди иқтисодиёт ба 31,9 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,1 фоиз расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 27,6 фоиз баробар шудааст.

Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 24 миллиарду 186 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 676 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 фоизро ташкил медиҳад. Давоми соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 820 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намуданд.

барқароркунӣ ва таъмиру тармими 2 ҳазору 174 иншоот ба итмом расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 113,7 фоиз иҷро гардида, 2 ҳазору 298 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд. Барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 200 миллиону 147,3 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла, аз ҳисоби буҷети вилоят 62 миллиону 17 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 57,8 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2022 ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 4 миллиарду 105 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2021 мутаносибан 103,9 ва 111,2 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2022 ба 3 миллиарду 186 миллион доллари амрикоӣ ​ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2021 140,8 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 2 миллиарду 99,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 28,8 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 1 миллиарду 86,2 миллион доллар расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 1,7 баробар зиёд ​ мебошад.

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2022 ба андозаи 105,4 ​ фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4 миллиарду 342 миллион сомонӣ ​ ворид карда шуд, ки аз нақша 221 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2022 ба буҷети маҳаллии вилоят 2 миллиарду 576 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 106,4 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 104,3 фоизи нақша мебошад.

Дар соли 2022 иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 949 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 103,4 фоизи нақша мебошад.

Таъмини рушди бонизоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ​ фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, ҷавонону занон низ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёбанд ва дар ин соҳаҳо низ дар соли 2022 дастовардҳо назаррас мебошанд.

Сипас, Раиси вилоят ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух гуфта, дар охир изҳори боварӣ намуд, ки мардуми ҳимматбаланду заҳматқарини вилоят дар соли 2023-ум ҳам бо ҳисси баланди ватандориву номуси миллӣ кору пайкори созанда ва пурсамарро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35 — солагии ​ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кўшишу ғайрати хешро равона менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram