РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» муайян шуданд

3 феврали соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадаоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бояд зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дастгирии журналистон ва сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, ​ асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни журналистон барои беҳтарин маводи журналистӣ озмун эълон намуда буд.

Озмуни мазкур тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2022, №214 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2022» гузаронида шуда, тибқи муқаррарот қабули маводҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, 60​ нафар журналистон дар номинатсияҳои “Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)”маводҳои худро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.​

Дар натиҷа 39 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ғолиб гардиданд.​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ғолибони озмунро табрик гуфта, ба 39 нафар журналистон ба​ миқдори аз 1500 сомонӣ то 6000 сомонӣ мукофотпулиҳоро супорид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram