РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе таҳти унвони «Миниатураи тоҷик: дирӯз, имрӯз ва фардо» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуд

Дар меҳмонхонаи «Серена» дуввумин ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Миниатураи тоҷик: дирӯз, имрӯз ва фардо» ба ифтихори гиромидошти хотираи санъатшинос, муҳаққиқи бузурги миниатураи тоҷику форс, профессор Муқаддама Ашрафӣ ҷараён дорад, ки то пиёни имрӯз идома хоҳад кард. Дар ҳамоиши фарҳангиву ҳунарии мазкур сафирони кишварҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Фаронса, аҳли санъату фарҳаг, санъатшиносон, муҳаққиқони соҳа, профессорон, намояндаҳои ВАО-и кишвари Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат доранд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд нахуст сухан атрофи саҳми бағоят бузурги Муқаддама Ашрафӣ дар рушди ин навъи санъати овло, мактаби мусаввири машҳури тоҷик Камолиддин Беҳзод ва мактаби Олим Камолзода гуфта шуд.
Доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов меҳмононро шодбош гуфт ва суханро ба профессор Лариса Додхудоева дод. Додхудоева дар маърузаи хеш иброз дошт, ки Олим Камолзода дар натиҷаи нусхабардорӣ аз мактаби Камолиддин Беҳзод ба омӯзиши ин ҳунар пардохта, баъдан, дар натиҷаи заҳматҳои фаротар 30-солааш дар масири омӯзиши санъати нимонигорӣ, эҷодиёти хешро таҳия кардааст.
Дар суханронии хеш профессор Франсис Ришар аз кишвар Фаронса, ки бо забони тоҷикӣ суҳбат кард, иброз дошт, ки бо ҳамсари Олим Камолзода Сарвиноз дар Порис, аснои намоиши асарҳои миниатурии Олим вохӯрда, эҷодиёти ин тасвиргари моҳири тоҷик ӯро мафтун карда аст.
Дуввумин ҳамоиши байналмилалии «Миниатураи тоҷик: дирӯз, имрӯз ва фардо» идома дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram