РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Сайр-ул-ибод»-и Саноии Ғазнавӣ нашр шуд

Бо иқдоми Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» яке аз арзишмандтарин осори Саноии Ғазнавӣ – «Сайр-ул-ибод» ба нашр расид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» хабар доданд.

Китоб бо таҳия, тавзеҳ ва муқаддимаи номзади илми филология, дотсент Мухлиса Нуруллоева омода гардида, дар ҳаҷми 94 саҳифа зери назари доктори илми филология, профессор Фахриддин Насриддинов ва бо муҳарририи номзади илми филология, директори МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов дар нашриёти Ношири шаҳри Хуҷанд интишор шудааст. Боиси зикр аст, ки матни китоби ҳозир солҳои 2015-2017 дар бахши «Мутун»-и фаслномаи илмӣ-адабии Камоли Хуҷандӣ нашр гардида буд ва бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон ба шакли як китоб фароҳам омадааст.

Чунонки таҳиягар дар муқаддимаи китоб ишора кардааст, он дар асоси матни таҳиякардаи Саид Нафисӣ омода шуда, бо тавзеҳи калимоти душворфаҳм ва маъникушоиҳои баъзе истилоҳҳо пешкаши аҳли илму адаб гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram