РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДОТ: Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» оғоз шуд

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» шурӯъ шуд, ки то 13 феврал идома меёбад. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар нахустин даври донишгоҳии озмун, ки 7 феврал доир карда шуд, ҳайати ҳакамон дониши якчанд нафар довталабонро санҷиданд.

Иброз гардид, ки озмуни мазкур ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ташкил шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имсол озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram