РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумитаи телевизион ва радио барои кормандон бинои истиқоматӣ бунёд мекунад

8 феврали соли 2023 нишсати матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он раиси Кумита Нуриддин Саид ба саволҳои хабарнигорон  оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти соҳа ҷавобҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла, оид ба рафти ислоҳоти соҳаи телевизион ва радио қайд карда шуд, ки дар ин самт татбиқи ду барномаи муҳимми давлатӣ – “Барномаи давлатии рушди телевизион  ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” давом дорад. Банди 1-и Барномаи давлатии рушди телевизион  ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 омода намудани 70 нафар журналистони барномаҳои муаллифӣ, рўзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависонро пешбинӣ намудааст, вале он беш аз як баробар иҷро гардид. Дар Муассисаи давлатии “Академияи  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” 20 машғулияти омўзишӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо беш аз 200 нафар кормандони соҳа аз такмили ихтисос гузаронда шуданд.

Вобаста ба беҳтар кардани сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизион ва радио 55 филми ҳунарӣ (бадеӣ), 198 филми мустанад, 54 филми илмӣ-оммавӣ, 311 қисм силсилафилм (сериал) ва 42 филми тасвирӣ (аниматсионӣ) таҳия, тарҷума, дубляж ва манзури бинандагон гардонда шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 25 филми ҳунарӣ, 168 филми мустанад, 24 филми илмӣ-оммавӣ, 111 қисм силсилафилм ва 2 филми тасвирӣ зиёд аст. Ҳамчунин, дар ин давра хазинаи силсилаи хонишҳои бадеии Радиои Тоҷикистон бо 152 гуфтори нав аз рўйи асарҳои баландмазмуни адибони классику муосири тоҷик ва дигар халқу миллатҳо ѓанӣ гардонда шуд.

Аз ҷониби хабарнигрон ҳамчунин дар мавриди фарогирии мавҷҳои телевизионию радиоӣ савол дода шуд. Раиси Кумита дар ҷавоб қайд намуд, ки соли 2022 дар доираи татбиқи марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 27 фиристандаи гуногуниқтидорӣ рақамӣ насб ва ба истифода дода шуд. Ҳамин тариқ, марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 пурра амалӣ гардида, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 81,26% расонида шуд.

Оид ба таҳияи маводи таҳлилию танқидӣ хабар дода шуд, ки соли 2022 Радиои Тоҷикистон  58 барномаи мустақими таҳлиливу танқидӣ  пахш намуд. Зимнан ба 21 барнома аз ҷониби масъулини вазорату идораҳо вокуниш нишон дода шуд.

Ҳамчунин, дар нишаст хабар дода шуд, бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои истиқоматии 12-ошёна бунёд мекунад. Барои бунёди ин бино дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 35 садяк замин ҷудо шуда, лоиҳаи он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Дар маҷмуъ хабарнигорон ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram