Имрӯз ҳайати Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода дар форуми мазкур, ки 9-10 феврал дар шаҳри Туркистон таҳти мавзӯи «Дар хусуси таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ менамояд.
Дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ раисони парлумонҳои Қазоқистон, Тоҷикистон. Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд.