РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон: лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баррасӣ шуд

Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо иштироки ҳамоҳангсози барнома ва масъулини соҳа амалишавии лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” назорати мукаммали барнома ва муайян намудани харитаи роҳ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар оғози ҷаласа ба таври мухтасар муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода оиди амалишавии лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”маълумот манзур намуда таъкид намуд, ки ҳадафи асосоии барнома беҳтар намудани шароти зиндагии аҳолии маҳалӣ дар ВМКБ ва вилояти Хатлон тариқи рушди сайёҳӣ ва агробизнес маҳсуб меёбад.

Ҳамоҳангсози бонки Умумиҷаҳонии Маҳина Додихудоева ба таври муфассал оиди амалишавии лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” ва қисматҳои он табодули назар намуда таъкид бар он намуд ,ки ҳар як банди он ба беҳтар гардондани ифроасохтори ҷамъиятӣ, ҷиҳати рушди сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои алоқаманд ба он нигаронида шудааст.

Директори ташкилоти ҷамъиятии “Тоҷи Нурафшон ” Ҳумай Каримов оиди фаъолияти муштараки амалишавии лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳони иттилоъ доданд.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид намуд, ки дар замани ҳамкориҳои неки Ҳукумати мамлакат Бонки Ҷаҳонии Рушд ба ВМКБ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда дар амали намудани нақшаҳои ҳадафрас вилоятро ҳамаҷониба дастгир намуда истодааст. Аз ин ру дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар як лоиҳаи пешниҳодгардидани шаҳру ноҳияҳои вилоят дастгири ёбад,зеро дар марҳилаи эълон гардилани солҳои рушди саноат таъсиси коргову корхонаҳои саноатӣ ва таъмини аҳоли бо ҷои корӣ ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта мавқеи махсус дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram