РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Комиссияи Олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3 собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) доир карда мешавад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3 собиқ бинои Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ) баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар Комиссия Олии аттестатсионӣ (кӯчаи Шевченко, 39 назди Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ) барпо мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 13:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3 собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram