РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Камолиддин Муминзода: Соли гузашта наздик ба 1 миллион нафар сайёҳон ба тамошои Тоҷикистон омадаанд

Соли гузашта 999,3 ҳазор нафар  сайёҳони хориҷӣ ба   Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, ки  ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 3,4 маротиба ё худ 703 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзода хабар дод.

Тазаккур дода  шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон 4 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад. Лоиҳаҳои   мазкур ин «Рушди сайёҳӣ» аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 10 миллион доллари ИМА,  «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 15 миллиону 750 ҳазордоллари ИМА,  «Баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва саноати бофандагӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ» аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба маблағи 2 миллиону 750 ҳазор доллари ИМА ва ду лоиҳаи хурд аз ҷониби Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазор Евро мебошанд.

Дар нишаст  иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон  242 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла  дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат  фаъолият мекунанд.

«Соли 2022 барои дар сатҳи муносиб хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ 100 адад ва дар зарфи 5 соли охир 600 адад иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудан», — гуфта шуд дар нишаст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram