РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири маориф ва илм бо намояндагони Фонди Тоҷикистонии Оғохон мулоқот намуд

9 феврали соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори иҷроияи Фонди тоҷикистонии Оғохон Кишвар Абдулалишоев, директори барномаҳои Фонди тоҷикистонии Оғохон Ҷавлон Ҳамдамов, роҳбари бахши муносибатҳои шабакаи Оғохон оид ба рушд Латофат Зуҳурова ва роҳбари бахши маорифи фонди тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо Фонди тоҷикистонии Оғохон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст, зимни суҳбат вазири маориф ва илм намояндагони Фонди тоҷикистонии Оғохонро ба Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои пайвастаи вазорат бо фонд ёдовар шуд. Мавсуф қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни вазорат ва Фонди тоҷикистонии Оғохон боз ҳам саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар навбати худ, намояндагони Фонди тоҷикистонии Оғохон аз вохўрӣ бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар оянда низ тавсеа хоҳанд ёфт.

Дар идома оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои созанда иброз доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram