РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Тоҷикфилм»: Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ доир гардид

14 феврали соли 2023 дар толори мактаби синамонигорони ҷавони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маротибаи дуюм Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо ва филмноманависон баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Нахуст, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён баргузории Питчинг ба ҳозирин мазмуну моҳияти ва марому мақсади питчингро шарҳ дода, таъкид дошт, ки минбаъд ба хотири филмбардорӣ ва дарёфти филмномаҳои хубу баландмазмун Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ доир мешаванд.

Иқдоми баргузории питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ боиси қаноатмандӣ ва дилгармии ҷавонону алоқамандони синамои миллӣ гардида, дар раванди баргузории питчинг-рӯнамоии дуюми Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» роҳбарони Муассисаҳои давлатии телевизиони «Душанбе» Оқилзода Маъруф ва телевизиони «Илм ва табиат» Шарифзода Саймукарам иштирок ва суханронӣ намуда, барои ҳамкорӣ дар самти филмофарӣ изҳори хоҳиш намуданд.

Ба Питчинг 18 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод шуда, 7 филмнома барои рӯнамоӣ интихоб ва аз ҷониби муаллифон, коргардонҳо ва продюсерон муаррифӣ гардиданд.

Пас аз муаррифӣ ва рӯнамоии ҳар як лоиҳа миёни муаллифон ва иштирокчиён музокироти судманд тариқи суолу ҷавоб доир гардид.

Ҳамин тавр, питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, 7 филмнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷааш пас аз 10 рӯзи тақвимӣ тавассути шабакҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” расонаӣ мегардад.

Хотирнишон бояд карда, ки 27-уми декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардида буд ва ин иқдом минбаъд идома хоҳад ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram