РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

11 март дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора 14 феврал қарори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид, хабар доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бахшида ба Рӯзи матбуот ташкили суҳбати журналистони собиқадор бо рӯзноманигорони ҷавон дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҷомеа”, аёдати журналистони собиқадор ва кормандони нашрияҳо, баргузор кардани озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, маҳфили ёдбуди Қаҳрамони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони СССР, рӯзноманигор ва олим, академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 115-солагии зодрӯзаш, маҳфил бахшида ба 100-солагии зодрӯзи сармуҳаррири вақти рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” адиб ва журналисти варзида Ҳоҷӣ Содиқ ва 100-солагии адиб ва журналист, Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ, қадршиносии кормандони фаъоли воситаҳои ахбори омма ба нақша гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram