РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғ сафар кард

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузорони сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғ сафар кард.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмудзода Насрулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Масъулин барои шиносоӣ аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ, боздид аз вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо, мулоқот бо зарардидагони офати табиӣ, расонидани кумаки Пешвои миллат ба онҳо, шиносоӣ аз рафти сохтмони иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ ба шаҳри Хоруғ расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram