РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шерализода Баҳодур бо муовини маъмур оид ба сиёсат ва барномасозии Агентии ИМА хонум Изобел Коулман мулоқот намуд

17 феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо муовини маъмур оид ба сиёсат ва барномасозии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) хонум Изабел Коулман дар бинои Кумита вохӯрӣ гузаронд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Шерализода Баҳодур раванди ҳамкориҳои Кумита ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар самти татбиқшавии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC) ва биогуногуниро матраҳ намуд. Инчунин, ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Дар навбати худ, хонум Изобел Коулман аҳаммият ва саривақтии ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбарияти олии Тоҷикистонро дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва об қайд намуд. Ҳамчунин, дар бораи ташаббуси ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида Амрико ва Иттиҳоди Аврупо – Уҳдадориҳои глобалии метан, қайд гашт, ки кишварҳои аъзо тасмим доранд, ки то соли 2030 партоби метанро то 30% коҳиш диҳанд.

Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амирикоро дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тақвият диҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram