РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Брифинги муштараки Подшоҳии Нидерланд ва Тоҷикистон бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об баргузор гардид

17 феврали соли 2023 дар шаҳри Гаага Брифинги муштараки Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об баргузор гардид. Брифингро директори генералии ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейден ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода ҳусни оғоз башиданд.

Зимни баррасии рафти тадорукот ба Конфронс таъкид гардид, ки ин муҳимтарин чорабинии байналмилалӣ, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр раисӣ хоҳанд кард, дар раванди муҳокима паҳлуҳои мухталифи масоили марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти вижа хоҳад дошт ва намунаи барҷастаи ҳамкории муассири як кишвари болооб ва як кишвари поёноби дар минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ ҷойгиршуда дар ҳалли масоили умдаи инсоният хоҳад буд.

Дар брифинг сафирон ва ҳайати корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Нидерланд, дастандаркорон ва коршиносони соҳаи оби кишварҳои аврупоӣ ширкат намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram