РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ФИЛМИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Нимаи дуюми соли равон банаворгирии он оғоз меёбад

Нимаи дуюми соли 2023 банаворгирии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мегардад. Ин матлаб 17 феврал зимни мулоқоти маҷозии намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Узбеккино» баён гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои ба итмом расонидани корҳои таҳрири филмнома, филмномаи коргардонӣ, тасдиқи хароҷоти филм, баргузор кардани интихоб ва оғози филм изҳори назар карда шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳафтаи оянда байни муассисаҳои номбаршуда «Харитаи роҳ» ба имзо расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли 2021 анҷом дода шуд, Сарони давлатҳо барои банаворгирии филм, яъне муаррифии дӯстии байни халқҳо, аз ҷумла дӯстӣ байни Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин дар доираи баргузории  ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки аз 28 сентябр то 3 октябри соли 2022  дар якчанд шаҳри Узбекистон баргузор гардид,   байни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ёддошти банаворбардории филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба имзо расид.

Муҳтавои асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», пеш аз ҳама, бозгӯи муҳаббату самимияти ду миллати бузург дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, инчунин таҷассуми дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram