РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳакимзода Қурбон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

28 феврали соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Сенаноғлу мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Ҳакимзода Қурбон оид ба рушду имкониятҳои соҳа маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд.

Намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Сенаноғлу соҳаи кишоварзиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда дар доираи ҳамкориҳо ҳавасмандии Созмони Милалро иброз карда, барои ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram